МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАНЗИМИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ
Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Дар шаҳри Душанбе машварати роҳбарону мутахассисони Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот», Агентии «Тоҷикстандарт» ва ҷамъиятҳои матлуботу бозорҳои навоҳии тобеи марказ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муҳимтарини марбут ба бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти бозорҳо, пешгирии ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон ва ғайра муҳокима шуданд. Қарор қабул карда шуд, ки дар ҳамаи бозорҳои калонтарини мамлакат барои санҷиши маводи хӯрока озмоишгоҳҳои махсус ташкил намуда, онҳо бо асбобҳои андозагир таъмин карда шаванд. Қайд карда шуд, ки бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ соли гузашта дар агентии «Тоҷикстандарт» ва муассисаҳои тобеи он 20 озмоишгоҳ ба истифода дода шуд. Агентии «Тоҷикстандарт» барои ҳифзи бозори мамлакат аз маҳсулоти пастсифат соли 2009 — ро соли танзими фаъолияти бозори истеъмолӣ эълон кардааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






