МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ ҲАМЛУ НАҚЛИ ҚУВВА ВА МОЛҲОИ ҒАЙРИНИЗОМИ
Маскав, 12 феврал. АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва идораҳои дигари манфиатдори давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 11 феврал дар котиботи СААД масъалаи ҳамлу нақли қувваҳо ва молҳои ғайринизомии НАТО — ро ба воситаи қаламрави мамлакатҳои Аврупои ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ ба Афғонистон мавриди муҳокима қарор доданд. Қайд карда шуд, ки давлатҳои аъзои созмон тайёранд, дар бобати ҳамлу нақли молҳои ғайринизомӣ барои таъминоти Қувваҳои эътилофии мусоидат ба амнияти Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Шӯрои амнияти СММ мамлакатҳои аъзои созмонро даъват карда буд, ки дар ин масъала бо НАТО ва ИМА ҳамкорӣ кунанд. Зимни машварат масъалаҳои муқаррар намудани номгӯӣ молҳои интиқолдодашаванда, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои гумрук ва нақлиёти роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Машварат таҳти раёсати муншии умумии СААД Николай Бордюжа гузашт.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






