МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ИҚЛИМ

Февраль 11, 2009 10:58

                    Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 27 феврал дар Душанбе дар мавзӯи «Ҳалли проблемаҳои тағйир ёфтани иқлим ва ҷалби ҷомеа ба онҳо» конфронси миллӣ баргузор мегардад. Конфронс бо ташаббуси Маркази экологии ҷавонон ва Созмони ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ гузаронида мешавад.                   Директори Маркази экологии ҷавонони ҷумҳурӣ Юрий Скочилов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳадафи асосии конфронс огоҳ сохтани ҷомеа аз оқибатҳои гармшавии иқлим ва қабули қарорҳо барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар замони ҳозира, ошкор сохтани ҷиҳатҳои муҳимтарини проблема ва таъсири он ба иқтисодиёти мамлакат мебошад.                  Тибқи нақша, дар конфронс бештар аз 40 намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, вазорату идораҳои тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорону тоҷирон ширкат меварзанд. Дар конфронс роҳу усулҳои амалӣ сохтани барномаи СММ барои пешгирии оқибатҳои тағйироти иқлим ва протоколи Киото дар ин масъала муҳокима карда, вобаста ба шароиту имкониятҳои Тоҷикистон тавсияҳо қабул карда мешаванд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар гузаронидани конфронс намояндаи шабакаи иқлимшиносии мамлакатҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ирина Ставчук, ҳамоҳангсози муассисаи СММ дар масъалаи тағйироти иқлим Бекмурод Маҳмадалиев ва созмони хайрияи «Акт Централ Азия» кӯмак мерасонанд.  

Февраль 11, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд