МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ИҚЛИМ
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Маркази экологии ҷавонон ва Маҳфили созмонҳои ҷамъиятии экологӣ дар мавзӯи «Ҳалли проблемаҳои тағйир ёфтани иқлим ва ҷалби ҷомеа ба ҳалли онҳо» конфронси миллӣ баргузор мегардад. Директори Маркази экологии ҷавонон Юрий Скочилов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки хадафи асосии конфронс додани маълумот ба аҳли ҷомеа дар масъалаҳои пешгирии оқибатҳои ногувори тағйир ёфтани иқлим дар шароити имрӯза ва ба ин тадбирҳо ҷалб намудани ҷомеа мебошад. Дар конфронс бештар аз 40 нафар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, вазорату идораҳои тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тоҷирону соҳибкорон ширкат меварзанд. Дар конфронс роҳу усулҳои амалӣ сохтани тавсияҳои СММ барои ҳалли ин проблема, иҷрои барномаи миллии андешидани тадбирҳо барои пешгирии оқибатҳои тағйир ёфтани иқлим ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Дар конфронс намояндаи созмони масъалаҳои иқлими мамлакатҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ирина Савчук ва хамоҳангсози барномаи СММ дар масъалаи тағйир ёфтани иқлим Бекмурод Маҳмадалиев иштирок мекунанд. Онҳо ба иштирокчиёни конфронс дар ин масъала маслиҳату тавсияҳо хоҳанд дод.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






