МУАРРИФИИ ШИРКАТИ «ЗЕППИЛИН ИНТЕРНЕЙШНЛ AG» ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Палатаи савдо ва саноатӣ (ПСС) Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии ширкати олмонии «Зеппилин Интернейшнл AG» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини аввали раиси ПСС Одил Сангов иброз дошт, ки корпоратсияи «Катерпиллар», асосан техникаи роҳсозӣ истеҳсол намуда, ҳамчунин ба сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва дигар иншооти бузург сарукор дорад. «Катерпиллар» ҳамчунин бо истеҳсоли муҳаррикони пурқувват, ки дар техникаи ҳарбии аксари кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад, маъруфу машҳур гардидааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Роғун аллакай 25 адад техникаи тавлиди ин корпоратсияи истифода мешавад. «Ширкати Зеппилин Интернейшнл Эй Чи», намояндагии худро дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2002 ифтитоҳ карда буд ва феълан дар бунёди иншооти стратегии кишвар саҳми арзанда дорад. Расман ба узвияти палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ин ширкат дар моҳи декабри 2008 пазируфта шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






