МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МУОВИНИ ЯКУМИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Февраль 19, 2009 08:40

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимовро, ки дар раъси қисмати ӯзбекистонии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.                  Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон бо ин Комиссия дар Душанбе ҳайати байниҳукуматии ду кишвар оид ба баррасии масоили сарҳади давлатӣ низ иҷлоси худро баргузор намудааст, ки ҳамин тариқа дар доираи фаъолияти ин ду комиссия куллияи масоили дуҷониба баррасӣ шуданд.                   Дар мулоқоти Сарвари кишвар ва Раиси ҳайати мамлакати ҳамсоя масоили беҳтарнамоии муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди мубоҳиса қарор гирифт.                  Ба ҳаллу фасли масоили вобаста ба истифодаи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон, муайяннамоии хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар, рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодию тиҷоратӣ ва як теъдод масоили мавриди нигаронӣ, аз ҷумла мушкилоти раводиду интиқоли транзитии мавод, таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир карда шуд.Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки ҳамаи масоили баҳсталаби миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд бо назардошти анъанаҳои неки дӯстиву ҳамкориҳои чандинасра ҳаллу фасл шаванд.                 Тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки Аҳдномаи қитъаҳои мувофиқатшудаи сарҳади ҳарду кишварро дарбаргиранда ҳарчӣ зудтар дар парлумонҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расанд.  

Февраль 19, 2009 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад