МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САЙИДМАСЪУД МИРКОЗИМИ

Февраль 5, 2009 17:07

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуд Миркозимиро ба ҳузур пазируфт.                Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар баррасӣ шуд.                Нахуст Сайидмасъуд Миркозимӣ даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) расонд.               Ҳамчунин таъкид гардид, ки то баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки ба наздикӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ҳамчунин Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор ва Раиси садо ва симои ин кишвар Изатулло Зарғомӣ ташриф меоранд.               Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки баҳри рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра беш аз 70 санади қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидааст.                Чунонки дар сӯҳбат зикр гардид, ҳаҷми савдои миёни ду кишвар дар соли 2008 маблағи 216,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондоди соли 2007 қариб 80 миллион зиёд аст.Мусоҳибон тавсиаи муносибатҳои тиҷоратии сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистонро низ зарур шумурданд.               Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақбҳои мошингарди Истиқлолу Чормағзак, истеҳсоли муштараки тракторҳо ва комбайнҳои ғалладарав, мошинҳои сабукрав ва дар барқарорсозию рушди минбаъдаи бахши парандапарварии Тоҷикистон миёни ду кишвар заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ муҳайё намудааст.                Ҳамкорӣ дар ташкили дурусти кори минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ мувофиқи мақсад дониста шуд.                 Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ таъкид намуданд.

Февраль 5, 2009 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад