МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САРВАЗИРИ ШОҲИГАРИИ БЕЛГИЯ ХЕРМАН ВАН РОМПЕЙ
10 феврали соли 2009 Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия субҳи рӯзи 10 — уми феврал оғоз ёфт. Дар шаҳри Брюсел — пойтахти Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Сарвазири он Херман ван Ромпей дар қасри Егмонт мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ оид ба имкону захираҳои фаровони таҳким ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгия гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Бахшҳои коркарди алюминий, пахта, меваҷот ва масолеҳи полезӣ, истихроҷи маъданҳо ва сангҳои қимматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон, ва рушди туризм аз самтҳои судманди ҳамкории ояндаи ду кишвар маънидод гардид. Ба таври мунтазам доир намудани форумҳои соҳибкорон ва тавсиаи робитаҳои судманди онҳо матлуб дониста шуд. Ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Белгия оид ба тадқиқотҳои гуногунсоҳа низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид. Баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей чанд санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Белгия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя; Ёддошти тафоҳум миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ;








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






