МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО ТРЕЙСИ ҶЕКОБСОН

Февраль 6, 2009 10:33

                  Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Трейси Ҷекобсонро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.Оид ба нақшаи Амрико доир ба зиёд намудани нерўҳои низомиаш дар Афѓонистон,  авзои кунунӣ ва рушди минбаъдаи он дар ин кишвар гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Бо назардошти ниёзи нерўҳои эътилофии посдори сулҳи Афѓонистон ба расондани борҳояшон аз тариқи минтақаи Осиёи Марказӣ, сохтмони боз як пули мошингард дар болои дарёи Панҷ дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Ба гуфти Трейси Ҷекобсон айни ҳол лоиҳаи Асоснокии техникию молиявии сохтмони ин пул аз ҷониби Амрико мавриди омўзиш қарор дорад.Дар марҳилаи кунунӣ истифодаи пурраи пули Панҷи Поён аз афзалиятҳои асосии Амрико дар таъмини транзити борҳо ба Афѓонистон маънидод шуд.«Тоҷикистон омода аст, ки ба Амрико ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар таъмини транзити борҳои тиҷоратӣ ва башардўстона ба Афѓонистон ҳамаҷониба мусоидат намояд», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки расондани бемонеаи борҳои гуногун, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, маводи сўхту  ѓизоӣ, доруворӣ ва ѓайра на танҳо барои нерўҳои низомӣ, балки баҳри кўмак расондан ба барқарорсозии иқтисодиёти Афѓонистон низ бисёр муҳим аст.Дар мавриди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникии ду кишвар зикр гардид, ки ҳамасола беш аз 80 чорабинии муштарак оид ба омўзиши кадрҳо дар Тоҷикистон, Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон, семинару конфронсҳо, машқҳои низомӣ ва ѓайра гузаронда мешаванд.Ба иттилои  Трейси Ҷекобсон Амрико ҳамчунин дар бунёди терминали гумрукии Панҷи Поён, як машқгоҳи низомӣ дар шаҳри Турсунзода ва таҷдиди заставаҳои сарҳадии Тоҷикистон саҳми намоён мегузорад.Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳи тарафҳо гуфтугў сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Февраль 6, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд