МУЛОҚОТИ ЭНЕРГЕТИКҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР АЛМААТО

Февраль 19, 2009 14:31

                  Душанбе, 19 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Энергетикҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон имрӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон имкониятҳои бештар сохтани эътимоднокии системаҳои интиқоли қувваи барқро муҳокима карданд. Аз намояндагии Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Осиёи Марказӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мулоқот бо ташаббуси Агентии рушди байналхалқии ИМА ва Ассоситатсияи энергетикии ин мамлакат баргузор гардид. Дар он намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» низ иштирок намуданд.                   Иштирокчиёни мулоқот системаи муҳофизати махсусро барои интиқоли қувваи барқ, истифодаи онро дар мавридҳои ғайричашмдошт, бештар сохтани эътимоднокии системаҳои интиқоли қувваи барқ ва ҳаҷми мубодилаи қувваи барқро бо системаи энергетикии Афғонистон баъди анҷом ёфтани сохтмони хати интиқоли барқи 220 киловаттаи «Шимол — Шарқ» — и Афғонистон баррасӣ менамоянд.

Февраль 19, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд