МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАРЗИШГАРОН

Февраль 3, 2009 13:42

                Хуҷанд, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар шаҳри Хуҷанд бо собиқадорони соҳаи варзиш, тренерҳо ва шогирдони беҳтарини онҳо — барандагони ҷоизаҳои мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналхалқӣ мулоқот кард. Дар мулоқот иштирокчиёни беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии навбатии 17 — уми ҷумҳурӣ — роҳбарон ва аъзоёни дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Парвоз» щиркат варзиданд. Раиси вилоят аз дастовардҳои варзишгарони қисмати шимолии мамлакат дар соли 2008 изҳори каноатмандӣ намуд.                 Ба ҳамаи иштирокчиёни мулоқот аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд. Ба раиси вилоят, раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Қ.Расулзода барои саҳми калонаш дар пешрафти соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ унвони «Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон» дода шуд. Раиси вилоят дар фарҷоми мулоқот зикр кард, ки охири соли 2009 ба варзишгари беҳтарини вилоят дар шаҳри Хуҷанд хонаи сеҳуҷрадор мукофот дода мешавад.

Февраль 3, 2009 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд