МУЛОҚОТИ САРВАЗИР БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АСЪОР
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз зимни мулоқоти Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо роҳбари намояндагии Хазинаи байналхалқии асъор дар Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннинг масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду молия муҳокима шуданд. Сарвазир ба мусоҳибаш дар бораи вазъияти имрӯзаи иқтисодию молиявии мамлакат ва нақшаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартараф сохтан ва пешгирӣ намудани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ маълумот дод. Вай изҳори боварӣ намуд, ки барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон бомуваффақият иҷро карда мешавад ва Хазинаи байналхалқии асъор ба ин мусоидат хоҳад кард. Роҳбари намояндагии Хазинаи байналхалқии асъор зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро иҷро намуд ва Хазинаи байналхалқии асъор бо роҳбарияти Тоҷикистон барномаи нави дастгирии рушди иқтисодӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатиро баррасӣ хоҳад кард.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






