МУЛОКОТҲОИ Э. РАҲМОН БО РОҲБАРИЯТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Февраль 10, 2009 19:52

           Худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои марказии Шўрои Аврупо омада, бо Дабири кулли ин созмон, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати дастҷамъии хориҷӣ ва амниятӣ Хавиер Солана вохўрӣ намуд.             Аз сатҳи муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои гуногун ва аз ҳадафҳои  Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.              Рушди соҳаи гидроэнергетика, бунёди бозори минтақавии нерўи барқ, тавсиаи инфрасохтори нақлиёту коммуникатсия ва болобарии қобилияти транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии ҳамкорӣ ва кўмаки Иттиҳоди Аврупо номида шуд.            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барқарорсозии иқтисодиёти Афѓонистон,  бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолии он, аз кишти зироатҳои нашадор боздоштани деҳқононаш ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа бояд аз ҳадафҳои асосии ҳамкории тамоми кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бошад.                Вусъати кўмак ба нерўҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афѓонистон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.               Сипас дар бинои Берлиамони шаҳри Брюсел Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо мулоқот намуд.                 Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки соли гузашта гардиши мутақобилаи мол зиёда аз 880 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ба гуфти ў ҳиссаи зиёди содироти Тоҷикистон маҳз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рост меояд.                    Рушди соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз афзалиятҳои асосии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афѓонистон бо Иттиҳоди Аврупо маънидод гардид.                      Баъди анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Жозе Мануел Бароззо нишасти матбуотӣ ороста, зимни он дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро умедбахш маънидод карданд.                     Дар нишасти матбуотӣ Жозе Мануел Бароззо изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон  барои саҳми намоёнаш дар таҳкими амнияти минтақавӣ ва барои паст кардани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва ҳамчунин дастгирии соҳаи кишоварзӣ 34 млн Евро маблаѓҳои иловагӣ ҷудо мекунад.                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ҳаҷми  кўмакҳои он ба Тоҷикистон зиёда аз 100 млн Евроро ташкил медиҳад.                Масоили ҳамгироии гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба корҳои хориҷии Парлумони Аврупо Жосек Волский баррасӣ шуд.                Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди намояндагони ин кумитаи Парлумони аврупо суханронӣ намуда, таваҷҷўҳи онҳоро ба масоили ҳалталаби Осиёи Марказӣ бо фарогирии  Афѓонистон, ки дар роҳи рушду нумўи минтақа монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, ҷалб намуд.                 Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «Аврупо бояд дар симои Осиёи Марказӣ шарики пурқудрат ва боэътимоди худро дошта бошад». «Агар ба хатару таҳдидҳои глобалие, ки минтақаи мо бо онҳо рў ба рў аст, дар марзҳои Афѓонистон садди ҷиддӣ  нагузорем, пас бо онҳо дар худи Аврупо мебояд мубориза бурд, ки он маблаѓу захираҳои даҳчандро талаб менамояд», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.                   Дастгирии иқтисодӣ ва техникию технологии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз  бўҳрони молиявӣ зиёни калон мебинад, амри зарурию саривақтӣ маънидод гардид.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба саволҳои сершумори намояндагони Парлумони Аврупо оид ба фазои ҳуқуқию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, нафъи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳалли қазияҳои Афғонистону Фаластин ва дигар мавзуъҳои ҷолиб посухҳои мушаххас дод.Матни пурраи ин сӯҳбат тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн мегардад.                  Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки сармоягузории Аврупо Филипп Мейштадро ба ҳузур пазируфт.                   Таъкид гардид, ки минбаъд Бонки сармоягузории Аврупо бо раҳнамоии Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми намоён хоҳад гузошт.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Филипп Мейштад аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот як созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо имзо намуданд, ки ҳадаф аз он маблағгузории лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аст.                  Ба гуфти Филипп Мейштад Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд.                 Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия иттилоъ дод.               

Февраль 10, 2009 19:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд