МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА ЁДБУДИ РУСТАМ ДОЛТАБОЕВ

Февраль 26, 2009 10:44

                Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 27 феврал дар Душанбе мусобиқаи дастаҳои беҳтарини футболи мамлакат бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи варзишгари машҳури тоҷик Рустам Долтабоев шурӯъ мегардад. Дар он чор даста аз пойтахти мамлакат — дастаҳои футболи «Гвардия», «Регар — Тадаз», «Истиқлол» ва «Энергетик», ду даста аз вилояти Хатлон — дастаҳои «Вахш» ва «Равшан» ва ду даста аз вилояти Суғд — дастаҳои «Эсхата» ва «Спитамен» ширкат меварзанд. Ҳамаи ин дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 27 феврал дар рӯзи аввали мусобиқа дастаи «Регар — Тадаз» бо дастаи «Энергетик» ва дастаи «Истиқлол» бо дастаи «Гвардия» қувваозмоӣ мекунанд.

Февраль 26, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд