НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «МОДИЁН» СОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим иттилоъ дод, ки дар мавзеи Модиёни ноҳияи Мурғоб сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони ин нерӯгоҳ таклиф пешниҳод намуд. Гурӯҳи кории Вазорати энергетика ва саноат аз мавзеи сохтмон дидан намуда, хулосаи худро ба вазорат пешниҳод намуд. Боиси ёдоварист, ки нерӯгоҳи барқи обии «Оқсу» дар ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва бо иқтидори пурра ба истифода дода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






