ОҒОЗИ РӮЗҲОИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 25, 2009 10:43

                   Душанбе, 25 феврал. (АМИТ»Ховар», Людмила Дубинина). — Дирӯз дар Маркази ҷавонони «Пойтахт» маросими ботантанаи оғози рӯзҳои забон ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он мушовири Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Мансур Сайфиддинов, котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Кабаев, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва шахсони дигари расмӣ ширкат варзиданд. Ректори Донишкадаи давлатии забони русии Маскав ба номи А.С.Пушкин Юрий Прохоров ҷамъомадагонро ба муносибати оғози рӯзҳои забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.                   Дар фарҷоми ҷамъомад консерти калони идона намоиш дода шуд. Иштирокчиёни он баъди чошт дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский асари саҳнавии «Панҷ зани Хоҷанасриддин» — ро тамошо карданд.                     Тарҷумон — А.Қудратов  

Февраль 25, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад