О. ОҚИЛОВ: «МО ҲАВАСМАНДЕМ…
КИ ОЛМОН ДАР ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН САҲМИ МУНОСИБ ДОШТА БОШАД» Душанбе, 14-ми феврал. (НИАТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ ва туризм 13 феврал дар ҷараёни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оқил Оқилов аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарду давлат дар соҳаҳои иҷтимоию техникӣ изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки боиси таассуф аст, ки дар бахши ҳамкориҳои иқтисодию энергетикӣ ҳанӯз аз имконоти мавҷудаи Тоҷикистону Олмон самаранок истифода бурда намешавад. «Мо хоҳони он ҳастем, ки аз ин баъд Олмон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, бахусус сохтмони НБО-и хурд, нерўгоҳҳои барқии бодӣ ва офтобӣ саҳми муносиб дошта бошад», тазаккур дод Сарвазир. Ҳамзамон, Дорис Хертрампф таъқид кард, ки ба ҳайси сафир ҳама нерўю тавоноии худро баҳри ба сатҳи баланд расонидани муносибатҳои Тоҷикистону Олмон равона хоҳад кард. Инчунин, дар ин мулоқот ба масъалаҳои ташкил ва бунёди корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Олмон дар соҳаи саноати сабук, коркарди металлҳои кӯҳӣ, дармонгоҳҳои тиббии бо технологияи муосир муҷаҳҳаз ва муассисаи таълимӣ барои тарбияи мутахассисони соҳаи хизматрасонӣ бо ҷалби сармояи мустақими Ҷумҳурии Федеролии Олмон табодули назар карда шуд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






