ОМОДАГӢ БА КОРҲОИ САҲРОӢ ТАШВИШОВАР АСТ

Февраль 12, 2009 13:23

                   Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ аз рафти омодагӣ ба корҳои баҳорӣ конфронси матбуотӣ доир карда шуд. Дар кори конфронс сардорони раёсатҳои вазорат Саидмурод Баҳриддинов, Сафар Маҳмадиев, Баҳром Абдуалимов ва Юсуф Муродов аз натиҷаи сафари корӣ ба шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ барои хабарнигорони дохилу хориҷ иттилоъ доданд.                   Тибқи маълумоти ба дастомада, масъалаҳои зимистонгузаронии чорво дар вилояти Суғд, бозпасгардонии қарзҳои бонкӣ ва фурӯши пахтаи ҷамъовардаи соли 2008 ташвишовар арзёбӣ гардид.                  Деҳқонони пахтакор бо сабаби паст шудани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ фурӯши пахтаро то боло рафтани нархи он қатъ карданд, ки ин боиси бе маблағ мондани деҳқонон дар мавсими кишти баҳорӣ мегардад. Дар ҷумҳурӣ аз 134 ҳазору 170 гектар замини барои кишти баҳорӣ пешбинишуда, ҳамагӣ 11 ҳазору 985 гектар кишт шудааст. Шудгори заминҳо бошад ҳамагӣ 60 фоизро ташкил медиҳад. Ин ва дигар камбудиҳои дар боло зикршударо наметавон нодида гирифт.                  Гурӯҳи корӣ гарчӣ рафти омодагиро ба кишти баҳорӣ чандон бад арзёбӣ накард, аммо талафи чорво дар вилояти Суғд, ворид нашудани сӯзишворӣ ба қадри кофӣ, захираи ками хошок барои чорво, ба охир нарасидани шудгори заминҳо ва заҳролуд нашудани чигити тухмӣ ва боз камбудиҳои дигар аз вазъи боз ҳам бадтари омодагиҳо ба зимистонгузаронии чорво ва кишти баҳорӣ бозгӯанд.

Февраль 12, 2009 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад