ПАЛАТАИ ТИҶОРАТИИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

Февраль 18, 2009 09:29

                Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дирӯз дар Душанбе ба муносибати ба фаъолият шурӯъ намудани Палатаи тиҷоратии ИМА ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон, тоҷирону соҳибкорони маҳаллию хориҷӣ, созмонҳои ҳукуматӣ ва байналхалқӣ, намояндагони сафоратхонаҳои ИМА, Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир ширкат варзиданд. Сафири ИМА Т.Э. Ҷейкобсон дар ҳузури ҷамъомадагон сухан карда, зикр намуд, ки Палатаи тиҷоратии мамлакаташ дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ саҳми калон хоҳад гузошт.               Қайд карда шуд, ки вазифаҳои асосии Палатаи тиҷоратии ИМА ҳифзи манфиатҳои тоҷирону соҳибкорон, иштироки фаъолона дар эҷод ва такмили қонунҳо, муҳайё сохтани шароит барои гуфтушунид, расондани кӯмак ба тоҷирону соҳибкорон дар бобати бартараф сохтани монеаҳои беасоси маъмурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон, додани маълумоти саривақтии зарурӣ ва ғайра мебошад. Сафир афзуд, ки Палатаи тиҷоратии ИМА дар Тоҷикистон ояндаи наздик ба шабакаи ҷаҳонии палатаҳои тиҷоратии мамлакат пайваст хоҳад гашт.

Февраль 18, 2009 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад