ПИЗИШКОНИ БЕҲТАРИНИ ҶУМҲУРӢ БА САФАР БАРОМАДАНД

Февраль 13, 2009 15:37

              Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Гурўҳи пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои гузаронидани муоинаи тиббии бинокорон ба сохтмони иншооти нерўгоҳҳои Сангтўда -1, Сангтўда — 2 ва Роғун сафарбар карда шуданд.              Тавре, ки аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо супориши Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов, пизишкони варзидаи соҳаҳои гуногуни тиб, ба монанди табиби дандонпизишк, силшинос, уролог, табиби эндокринолог, иммунолог, табиби бемориҳои дарунӣ, чашмпизишк, табиби бемориҳои гўшу гулўю бинӣ, табиби бемориҳои асаб, акушер-гинеколог ва ғайра сохтмончиёнро муоина ва табобат хоҳанд намуд. Ҳайати табибон бо таҷҳизоти тиббии муосир, аз қабили дастгоҳҳои электрокардиограф, ултрасадо (УЗИ) ва дорувории зарурӣ таъмин карда шудаанд.               Ғайр аз ин, бо супориши Вазир ҳайати табибон бо 6 ҳазор дона ваксинаҳои зиддизуком барои эмкунии бинокорон таъмин карда шуданд. Фаъолияти пизишкон дар сохтмони иншоотҳои стратегии кишвар то 20-уми феврал идома хоҳад ёфт.  

Февраль 13, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд