РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рӯзҳои наздик Бунёди СММ оид ба илму фарҳанг ва маориф (ЮНЕСКО) интишори Атласи забонҳоеро, ки дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доранд, ба нақша гирифтааст. Мутобиқи иттилои Маркази иттилоотии СММ, интишори он ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21-уми феврал ҷашн гирифта мешавад, пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои манбаъ имрӯз дар саросари ҷаҳон мардуми сайёра ба беш аз 6 ҳазор забон ҳарф мезананд ва танҳо қисмате аз онҳо соҳиби хат ҳастанд. Қариб нисфи забонҳои мавҷудаи ҷаҳон дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доранд. Гуфтанист, ки дар Тоҷикистон низ ба забони яғнобиву гурӯҳи забонҳои помирӣ маҳвшавӣ таҳдид мекунад, зеро онҳо дар низоми маорифи кишвар мавриди истифода қарор надошта, инчунин бо ин забон ҳеҷ намуди васоити ахбори омма вуҷуд надорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






