РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Февраль 17, 2009 16:31

                 Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре маълум аст, соҳаи энергетика яке аз бахшҳои муҳим ва пешбари иқтисодиёти ҶТ мебошад. Имрӯз дар кишвар заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст ва ширкатҳои хусусию давлатии кишварҳои ҷаҳон ба ҳамкории мутақобилан судманд таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамоянд.                   Ҳукумати ҶТ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад, то ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи кишвар дар соҳаи энергетика рушд ёбад.                   Инкишофи соҳаи мазкур на танҳо дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро пеш мебарад, балки заминаҳои нави ҳамкориҳои судманди минтақавиро, махсусан барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистонро, таъмин хоҳад кард.                   Дар соли 2008 якчанд ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориро бо ҶТ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ба роҳ монданд.                  Аз ҷумла, соли гузашта байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати «КЕС» (Ҳиндустон) оид ба «Сохтмони байниминтақавии хати барқи 220 кВ Тоҷикистон — Афғонистон» шартнома ба имзо расид. Ширкати пудратчӣ ҳуҷҷатҳоро барои пешпардохти 20 % кафолати бонкӣ барои иҷроиши корҳо ва инвойсҳоро омода карда, ба Бонки Осиёи Рушд (БОР) ва Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ирсол намуд.                 Дар лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ (ХИБ) 220 кВ Тоҷикистон — Афғонистон» хизматрасонии мушовирӣ оғоз гардид ва ба ҳайси мушовир ширкати «СМЕК» (Австралия) интихоб гардид. Арзиши лоиҳавӣ 1,9 млн. доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.                  Инчунин таҳия намудани лоиҳаи таҷдид ва навсозии НБО — и «Норак» 2,5 млн. доллари ИМА — ро талаб менамояд.                  Барои то охири соли 2009 ба анҷом расонидани навсозии 2 адад гидроагрегат — 11 млн. доллари ИМА, харидорӣ ва таҳвили 7 чархи корӣ — 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ зарур мебошад. Умуман, арзиши лоиҳавии пурра ба анҷом расонидани таҷдид ва навсозии нерӯгоҳ 400 млн. доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.                  Ширкати давлатии энергетикии Чин асосноккунии техникию иқтисодии НОБ -и «Норак» — ро таҳия намуд ва тибқи он арзиши лоиҳавии таҷдид ва навсозӣ 405 млн. доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, ки маблағгузории он аз ҳисоби қарзи тиҷоратӣ пешниҳод гардидааст.

Февраль 17, 2009 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад