СӮҲБАТ БО ЖУРНАЛИСТОНИ ТУРК
Анқара, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия 2 феврал дар Анқара бо гурӯҳи журналистони турк мулоқот карданд. Мулоқот ба проблемаҳои энергетикии Тоҷикистон бахшида шуд. Кормандони сафорати Тоҷикистон ба намояндагони воситаҳои ахбори оммавии Туркия дар бораи вазъияти душвори дар Тоҷикистон бар асари нарасидани қувваи барқ ба амал омада маълумоти муфассал доданд. Дар робита хабар дода шуд, ки имрӯзҳо ба хонаҳои сокинони пойтахт дар як шабонарӯз 15 соат ва дар минтақаҳои дигар ҳамагӣ 3 — 4 соат қувваи барқ дода мешавад. Сафорати Тоҷикистон бо мақсади пешгирии зуҳуроти бӯҳронӣ дар соҳаи энергетикаи мамлакат бори дигар соҳибкорони Туркияро даъват намуд, ки ба иҷрои барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёна дар Тоҷикистон маблағ гузоранд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






