СӮҲБАТИ РОҲБАРИ ҲАЙАТИ ХБА ДАР ТОҶИКИСТОН БО ХАБАРНИГОРОН

Февраль 6, 2009 17:05

                  Душанбе, 6 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Роҳбари ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор дар Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннинг имрӯз баъди анҷоми мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои мулоқот ба журналистон хабар дод. Вай зикр намуд, ки бо хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати хазина дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд.                 «Мо ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки миллии мамлакати Шумо дар бобати андешидани тадбирҳои дахлдор дар соҳаи макроиқтисодӣ мусоидат менамоем, ки ҳадафи онҳо пешгирии таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад», — гуфт А.Шиммелпфеннинг. Вай зикр намуд, ки коршиносони Хазина дар Тоҷикистон натиҷаҳои барномаи таҳқиқи масъалаҳои иқтисодиро ҷамъбаст менамоянд. Ин барномаҳо то охири соли 2008 иҷро карда шуданд. Ба қавли ӯ, натиҷаҳои пешрафти иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2008 хеле хуб буданд.                   Ин аз бисёр ҷиҳат натиҷаҳои тадбирҳои сиёсати макроиқтисодӣ мебошад, ки Ҳукумат ва Бонки миллӣ дар амал татбиқ намуданд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли Маҳсулоти умумии дохилӣ 8 фоиз афзуд. Ба туфайли ин ба Ҳукумати Тоҷикистон муяссар гардид, ки маблағи буҷетро нисбати маблағи Маҳсулоти умумии дохилӣ як фоиз зиёд намояд. Илова бар ин дараҷаи беқурбшавии пул кам гардида, охири моҳи декабр 12 фоизро ташкил дод. Ба қавли роҳбари ҳайати ХБА, вазъият дар соли 2009 душвортар хоҳад гардид. Коҳиши дараҷаи пешрафти иқтисодиёти ҷаҳон ба Тоҷикистон низ таъсир хоҳад кард, гуфт вай.                   Айни ҳол пешгӯӣ карда мешавад, ки суръати афзоиши истеҳсоли Маҳсулоти умумии дохилӣ дар Русия коҳиш хоҳад ёфт. Вобаста ба ин ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон то андозае кам мешавад. Ба мо маълум аст, ки вақтҳои охир нархи молҳои асосии содиротии Тоҷикистон — алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ хеле паст гардид. Қайд карда шуд, ки ҳайати ХБА дар Тоҷикистон ду ҳафта кор мекунад. Мутахассисон дар ин муддат ҳамроҳи коршиносони мақомоти расмии Тоҷикистон нақшаҳои иқтисодии соли 2009 -ро муҳокима карда, аз рӯи онҳо хулоса мебароранд.                   Роҳбари намояндагии ХБА изҳор намуд, ки дар мавриди зарурат тавассути Хазинаи байналхалқии асъор ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ расонда хоҳад шуд. Вай зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи вазифаҳои ба зимма гирифтаашро дар назди ХБА иҷро намуд. Ин моро дилпур месозад, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон идома диҳем, гуфт дар хотима А.Шиммелпфеннинг.  

Февраль 6, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад