СӮҲБАТИ ВАЗИРИ ТИҶОРАТИ ЭРОН БО ХАБАРНИГОРОН

Февраль 6, 2009 10:32

                      Душанбе, 6 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмасъуди Мирқозимӣ 5 феврал баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакат мухтасар сӯҳбат кард. Вай изҳор намуд, ки ҳамроҳи Сардори давлати Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, тиҷорат, фаъолияти бонкҳо ва алоқа баррасӣ намудааст.                      Вазири тиҷорати Эрон аз номи Президенти мамлакаташ Маҳмуд Аҳмадинажод Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар маҷлиси Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат варзад. Маҷлиси мазкур соли равон дар Теҳрон баргузор мегардад. Ба қавли С.Мирқозимӣ, дар ҷараёни маҷлиси Созмони ҳамкории иқтисодӣ гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистону Эрон бахшида ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ пешбинӣ карда мешавад. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар бобати ҳамлу нақли транзитии мол мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.                      Вазири тиҷорати Эрон изҳор намуд, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон Маркази тиҷоратии мамлакаташ кушода хоҳад шуд. Мо талаботи бозори Тоҷикистонро ҳамаҷониба омӯхта, кӯшиш хоҳем, кард, ки молҳои бозоргирро ба Тоҷикистон фиристем. Маркази тиҷоратиро тоҷирону соҳибкорони эронӣ бунёд хоҳанд кард. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон аз Эрон таҷрибаи ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодиро омӯхта метавонад. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки Тоҷикистон масъалаи истифодаи минтақаи озоди иқтисодии қисмати ҷанубии Эрон — Бандарбозро баррасӣ намояд, ки ба воситаи он ба мамлакатҳои дигар баромадан мумкин хоҳад гашт, гуфт вазири эронӣ.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар сӯҳбат сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст низ иштирок дошт. Вай зикр намуд, ки Эрон дар сохтмони НБО Роғун ҳатман ширкат хоҳад варзид.Сафири Эрон хабар дод, ки рӯзҳои наздик вазири мудофиа ва раиси кумитаи телевизион ва радиои мамлакаташ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Февраль 6, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад