СӮХТОРИ ҶАНГАЛЗОР ДАР АВСТРАЛИЯ

Февраль 9, 2009 16:15

                  Канберра, 9 феврал. АМИТ «Ховар» — Лента.Ру). — Дар Австралия чанд ҳафта боз сӯхтори ҷангалзор давом дорад. Ҳукуматдорон барои хомӯш кардани сӯхтор аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Теъдоди зиёди сӯхторхомӯшкунандагон, қисмҳои ҳарбӣ ва ихтиёриён ба хомӯш кардани сӯхтор сафарбар карда шудаанд. Бо вуҷуди ин то ҳол хомӯш кардани сӯхтор муяссар намегардад. Аз рӯи хабарҳои расида, дар натиҷаи сӯхтор 128 нафар ҳалок ва камаш 750 хона нобуд гардид.                   Хабар дода мешавад, ки сӯхтор аз вилоятҳои Виктория ва Уэлси ҷанубӣ оғоз ёфта, торафт бештар паҳн мегардад. Ҳаҷми зарари он то ҳол маълум нест. Яке аз сабабҳои паҳн гардидани сӯхтор ҳавои ниҳоят гарм ва муттасил тағйир ёфтани самти вазиши шамол мебошад.                  Мақомоти муҳофизи қонуни Австралия чунин мешуморанд, ки сӯхтор дар натиҷаи беэҳтиётии одамон сар задааст. Сарвазири Австралия Кевин Род изҳор намуд, ки агар гуноҳи ҷинояткорон исбот шавад, онҳо бо гуноҳи қатли омм гунаҳкор карда мешаванд. Мақомоти муҳофизи қонуни мамлакат рӯзи якшанбе ду шахси шубҳанокро дастгир намуданд.                                                                                                                                              Тарҷумон — Қудратов А. 

Февраль 9, 2009 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад