САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ МАСКАВ

Февраль 5, 2009 10:52

                    Рӯзи 4 феврал дар шаҳри Маскав ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар сатҳи сарони давлатҳои аъзои ин созмонҳо баргузор гашт.                    Нимаи якуми рӯз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷараён гирифт, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони ҳамаи давлатҳои дигари аъзои он — Арманистон, Беларус, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.                    Баррасии масоили вобаста ба таъсиси нерӯҳои муштараки зудамал, фаъолияти қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, авзои кунунии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз мавзӯъҳоиасосии рӯзномаи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буд.                    Қабули қарор дар бораи таъсиси нерӯҳои муштараки зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ натиҷаи асосии ин ҳамоиши сарони давлатҳо маънидод гашт.                    Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия нимаи дуюми рӯз баргузор гашт.                   Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои ин созмон Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон, Беларус — Александр Лукашенко, Россия — Дмитрий Медведев, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон — Қурмонбек Боқиев иштирок намуданд.                  Дар ҷаласа ҳамчунин Президенти Арманистон Серж Саргисян иштирок дошт, ки кишвараш дар ин созмон дорои мақоми нозир аст.                  Андешидани чораҳои муассири зидди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва баррасии дигар масоили умда дар қаламрави кишварҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар маркази таваҷҷӯҳи сарони давлатҳо қарор гирифт.                  Қабули қарорҳоро дар бораи таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ бо маблағи 10 миллиард доллари амрикоӣ ва Маркази технологияҳои олӣ метавон аз натиҷаҳои асосии Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия маънидод кард.                  Дар ҳошияи ҳамоишҳои ғайринавбатии сарони давлатҳои ду созмони номбурда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд.                  Таваҷҷӯҳи асосӣ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тезондани сохтмони иншооти инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид.                  Ба масоили таҳкиму тавсиаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.Сарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки баррасии масоили ҳалталаб ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро нимаи дуюми моҳи феврали соли равон дар шаҳри Маскав идома диҳанд.                  Дмитрий Медведев ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар давоми соли равон ба Федератсияи Россия сафари давлатӣ анҷом бидиҳад.  

Февраль 5, 2009 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад