САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ТОЧИКИСТОН
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавджуда Давлатзода).- 8 феврали соли 2009 бо даъвати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Вакидбек Калиев бо сафари корӣ дар Тоҷикстон қарор дошт. Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Ш. Хайруллоев бо В.Калиев худи ҳамон рӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот онҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистон, масоили вобаста ба ташкили машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар дар самти табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ ва дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои самарабахши низомии ҳарду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо инчунин, доир ба авзои сиёсию низомии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, боз ҳам беҳтар намудани авзои ҳамкориҳо дар самти табодули иттилоот дар мубориза бар зидди хатарҳои эҳтимолӣ, таъминоти моддию техникӣ ва умуман густариш додани муносибатҳо дар ҳама ҷабҳаҳои низомӣ мароқ зоҳир карданд. Дар охири мулоқот вазирони мудофиаи ҳарду кишвар оид ба сафари кории вазирони мудофиаи Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои ҳамдигар протокол ба имзо расониданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






