САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ РОҲБАРИ ГУРУҲИ ХБА-ро ҚАБУЛ НАМУД

Февраль 11, 2009 14:23

                 Душанбе, 11-ми феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбари гурӯҳи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикиистон Аксел Шиммелпфеннигро мулоқот намуд.                  Дар мулоқот масоили тақвияти муносибатҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.                 О.Оқилов меҳмононро бо вазъи феълии иқтисодиёти Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар роҳи пешгирӣ ва бартарафсозии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шинос намуда, иброз дошт, ки Барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон дар сатҳи хуб ва низоми муайян амалӣ мегардад ва изҳори боварӣ кард, ки ХБА дар амалисозии барномаи мазкур иштироки фаъол дорад.                 Дар навбати худ Аксел Шиммелпфенниг аз иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди ХБА ва амалӣ гардидани Барномаи махсуси мушоҳидавии ХБА аз ҷониби Ҳукумати ҶТ изҳори қаноатмандӣ карда таъкид намуд, ки ХБА таҳия ва пешниҳоди барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт дар Тоҷикистонро шурӯъ хоҳад кард.  

Февраль 11, 2009 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд