САВДО ДАР СЕКТОРИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ БЕҲТАР ГАРДИД
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки дар соли 2008 ташкилотҳои савдои ҳамаи шаклҳои моликият ва ашхоси воқеӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 4745,2 миллион сомонӣ мол фурӯхтаанд.Гардиши молҳои чаканаи дар корхонаҳои расмӣ ба қайд гирифташуда 337,2 миллион сомониро ташкил дод. Ҳаҷми умумии гардиши молҳои чакана дар сектори ғайридавлатӣ 4691,6 миллион сомонӣ мебошад.Корхонаҳои кооператсияи матлубот бошанд, дар ин муддат ба аҳолӣ ба маблағи 88,6 миллион сомонӣ мол фурӯхтанд. Гардиши молҳои чакана дар ҳамаи соҳаҳои фурӯш бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2007 13,5 фоиз афзудааст.