СЕО СЕОК ИМКОНИЯТҲОИ СОХТМОНИАШРО ДАР ДУШАНБЕ МУАРРИФӢ МЕСОЗАД
Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи ҷараёни лоиҳакашии 4 бинои 16-ошёнаи истиқоматӣ ва Маркази мӯҳташами намоиш, ки дар кӯчаи ба номи Нусратулло Махсуми пойтахт сохта мешавад дар меҳвари мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳсмадсаид Убайдуллоев ва президенти ширкати «ДОНХВА КОНСТРАКШНС» — Куриё Сео Сеок Херо қарор дошт. Раиси шаҳр таъкид сохт, ки баъди анҷоми корҳои лоиҳакашӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар ва дастрас кардани Қарори дахлдори Раиси шаҳр барои ҷудо намудани қитъаи замин ва иҷозати сохтмон, ширкат метавонад, барои муаррифии маҳорату имкониятҳои сохтмонии хеш заминаи воқеӣ тавлид намуда, потенсиалашро ҷиҳати идомаву иштирок дар дигар лоиҳаҳои сохтмонии пойтахт истифода созад. Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки роҳбарияти пойтахт барои ҷалбу дастгирии сармоягузорони ватаниву хориҷӣ тамоми шароитҳоро мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ фароҳам оварда, ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созандаи онҳо тадбирҳои воқеиро амалӣ менамояд. Президенти ширкати «ДОНХВА КОНСТРАКШНС» — и Куриё Сео Сеок Херо гуфт, ки сохтмони 4 бинои 16-ошёнаи истиқоматӣ ва Маркази мӯҳташами намоишӣ нахустин падидаи муаррифии имкониятҳои сохтмонии ширкатҳои кореягӣ дар Тоҷикистон буда, тамоми потенсиал баҳри дар радифи дигар ширкатҳои хориҷии дар Душанбе сохтмондошта, соҳибу нуфузу эътибор гардидан равона карда мешавад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






