ШАРҲИ ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 7, 2009 12:24

                        ИТТИЛОИЯИ ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН               Воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон ба шумор мераванд ва дар рушду нумўи мамлакат ва ҷомеаи мо нақши сазовор доранд.              Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи озод ва беҳтар гардидани дастёбии онҳо ба иттилооти расмӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир мекунад. Амри Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуот дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои ҳар семоҳа гувоҳи ин гуфтаҳо буда, дар таҷрибаи давлатҳои узви ИДМ падидаи нодир аст.               Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро бе танқид ва таҳлилу муҳокимаронӣ перомуни масъалаҳо ва мавзўҳои доғи рўз тасаввур карда намешавад. Маълум аст, ки ҳеҷ гуна пешравию тараққиёт бидуни танқид ба даст намеояд. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ин рисолати хешро хуб дарк мекунанд ва ҳамарўза маводҳои таҳлилию танқидӣ ба табъ мерасонанд ё пахш менамоянд, ки аксаран ба мавзўю масъалаҳои мубрами рўз бахшида шудаанд.                Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» маводҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма дарҷ ва пахш мешаванд ва ба пешниҳодҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон вобаста мебошанд, аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳо бояд баррасӣ ва нисбати онҳо чораҷўӣ карда шаванд.                Вале, мутаассифона, ба ин нигоҳ накарда, аксари маводҳои танқидиву таҳлилие, ки тавассути барномаҳои телевизиону радио пахш мешаванд ва дар рўзномаву маҷаллаҳо дарҷ мегарданд, аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ беҷавоб мемонанд. Ҳол он ки воситаҳои ахбори омма дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии дахлдор метавонанд ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонда додани сабабҳои бўҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои он дар мамлакат нақши муассир дошта бошанд.                Аз ин лиҷоз Фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Февраль 7, 2009 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд