ШУМОРАИ ОДАМОНИ ҚАШШОҚ МЕАФЗОЯД

Февраль 14, 2009 14:50

                 Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, авҷ гирифтани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар давоми соли 2009 сабаби боз ҳам бештар қашшоқу бенаво гардидани 53 миллион нафар хоҳад гашт. Ҳамин тариқ, шумораи онҳое, ки дар як рӯз барои қути лоямут ҳамагӣ 2 доллар сарф мекунанд, ба 1,5 миллиард нафар мерасад.                 Ба қавли коршиносони СММ, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ сабаби ба амал омадани бӯҳрони гуманитарӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф гардида метавонад. Соли 2009 шумораи одамоне, ки дар давоми рӯз барои хариди озуқа 1 доллар сарф мекунанд, 46 миллион нафар меафзояд. Дар робита, роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ба мамлакатҳои тараққикардаи саноатии ҷаҳон пешниҳод намуд, ки 0,7 фоизи маблағи барои рушди иқтисодиёт пешбиникардаашонро ба ҳисоби фонди расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоату қашшоқи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон гузаронанд.  

Февраль 14, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад