СОҲИБКОРОН БА ВАТАН ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ МЕКУНАНД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавассути тамоми расонаҳои ҷумҳурӣ унвонии Президенти кишвар аз номи соҳибкорони ватанӣ ,ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, номаи ифтихор аз ҳисси миллӣ ва ватандорӣ бо мақсади дастгирии сиёсати энергетикии кишвар ирсол шудааст. Нома дар шароите ирсол гардидааст, ки дар кишвар камчинии барқ сахт эҳсос мегардад. Нарасидани барқ дар кишваре, ки дорои захоири калони об аст ва аз имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии мавҷуда, ки ҳамагӣ 5 фоизи он мавриди истифода мебошад, ҳамватанони моро, ки дар хориҷи кишвар ба соҳибкорӣ машғуланд, бетараф нагузошт. Соҳибкорон сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дар соҳаи энергетика дастгирӣ намуда, барои амалӣ шудани он аз омодагии худ иттилоъ доданд. Мо боварӣ дорем, ки соҳибкорони ватанӣ, ки дар дохили кишвар фаъолият мебаранд, сокинони ҷумҳурӣ, ки ифтихор аз ватандорӣ доранд, ба соҳибкорони ватаниамон ҳамовозӣ намуда, дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург саҳми арзанда ва таърихӣ хоҳанд гузошт. Имруз чашми модаронаи Ватан нигарони дасти босаховати фарзандони баору номусаш аст.Банда-Лаззат Диловарзод яке аз фардҳои ин давлати соҳибистиқлол, хоҳиши онро дорам, ки аз маошам ҳар моҳ ба андозаи 100 (сад) сомонӣ ба фонди дастгирии аҳолӣ дар сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикии кишвар гузаронида шавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






