СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИИ ВАЗОРАТҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОНУ УКРАИНА
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати сиёсати аграрии Украина дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзию саноатӣ созишнома имзо карданд. Амалӣ сохтани созишномаи мазкур ба муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати ба роҳ мондани равобити мустақими корхонаҳо ва хоҷагиҳои соҳаи кишоварзии ҳар ду мамлакат имконият фароҳам месозад. Мувофиқи созишнома, аз Тоҷикистон ба Украина маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва аз Украина ба Тоҷикистон техника ва мошинҳои кишоварзӣ фиристода мешаванд. Мӯҳлати эътибори созишнома панҷ сол муқаррар карда шуд. Коршиносони хар ду кишвар дар доираи созишнома барои муайян намудани самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ муттасил мулоқот хоҳанд кард.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






