СУПОРИШИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов дирӯз бо роҳбарону мутахассисони Корхонаи давлатии «Ҳифзи наботот» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза ба муқобили малах» машварат орост. Вазир зикр намуд, ки дар натиҷаи таҳлили фаъолияти корхонаҳои мазкур дар соли 2008 баробари дастовардҳои назаррас силсилаи камбудию хатоҳо ошкор гардиданд. Вай, аз ҷумла, ҷараёни тайёр кардани техникаи махсус, доруҳои химиявӣ, ошкор сохтан ва нобуд кардани манбаъҳои тухмгузории малах дар киштзор ва ҳашароти дигари зараррасонро ғайриқаноатбахш номид. Вазир супориш дод, ки дар давоми ду ҳафта барномаҳои «Мубориза ба муқобили малах» ва «Барномаи ҳифзи наботот» — ро тайёр намуда, ба муҳокимаи вазорат пешниҳод намоянд. Таъкид шуд, ки барномаҳои мазкур бояд илман асоснок буда, бо назардошти заминаи моддию техникӣ таҳия карда шаванд. Тавре ки маълум аст, Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2009 барои мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон панҷ миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Ба қавли мутахассисон, соли 2008 малах дар масоҳати бештар аз 130 ҳазор гектар киштзор паҳн шуда буд. Дар мубориза ба муқобили он зиёда аз панҷ ҳазор нафар ширкат варзид. Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2008 барои нобуд сохтани ҳашароти зараррасон, аз ҷумла, малах 4,5 милллион сомонӣ ва Муассисаи озуқаворию кишоварзии СММ қариб 500 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда буданд. Соли гузашта бо маблағи вазорат 17 трактори МТЗ — 82, ду мошини сабукрави УАЗ, шаш дастгоҳи дорупошӣ ва либосҳои махсус харида ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ фиристода шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






