ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар»). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъин гардид. Бо қарори дигари ҳукумат Абдуҷаббор Шамсов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ озод карда шуд. Фарҳодбек Шодмонбеков муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки генерал — лейтенант Шералӣ Сабзов сардори Раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ва Мансур Бухориев сардори Раёсати мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД таъин гардиданд. Ш.Сабзов қабл аз ин ба Дафтари Интерпол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамуд, М.Бухориев дар вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом кор мекард. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






