ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МИЛЛИИ ЭРОН ДАР ДУШАНБЕ

Февраль 11, 2009 11:28

                  Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Бахшида ба Рӯзи ҷашни миллии Эрон, ки 11 феврал таҷлил мегардад, шоми 10 феврал дар Душанбе Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст барои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумон ва фарҳангиёни тоҷик маҷлиси танатанвӣ орост.                  Алиасғари Шердӯст роҷеъ ба нақши Инқилоби исломӣ дар Эрон, ки соли равон аз пирӯзии он 30 сол сипарӣ шуд, сухан кард. Мавсуф гуфт, ки бо пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон салтанати 2500- солаи режими шоҳаншоҳӣ пош хӯрда, дар низоми сиёсию иқтисодии ин кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар тӯли се даҳсолаи охир Эрон ба дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардида, дар байни кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози рушд мақоми хоса дорад. Дар остонаи ҷашни миллӣ ба фазо сар додани радифи маснуъи замин «Умед»-ро, яке аз дастовардҳои бузурги технологияи муосир дар Эрон арзёбӣ кард.                  Дипломати эронӣ доир ба муносибатҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози назар карда, афзуд, ки муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар дар пояи баланд қарор дошта, иродаи сиёсии Сарони ҳар ду давлатҳо -Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод ба тақвияти муносибатҳои сифатан нав ва устувор нигаронида шудааст.                 Ҳамзамон, дар маҷлис муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми Эронро бо ин санаи таърихӣ шодбош гуфта, сатҳи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон баланд арзёбӣ кард.

Февраль 11, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад