ТАЙЁРИ БА ИД

Февраль 21, 2009 12:13

               Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Ба муносибати 16-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз аввали моҳи январ бо фармони вазири мудофиаи ҶТ як катор чорабиниҳои гуногуни фарҳангию- варзишӣ дар ҷузъу томҳои низомии вазорати мудофиа ҷараён дорад.              Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки нимаи дуюми моҳи январ байни сарбозони қисму воҳидҳои низомии вазорати мудофиаи кишвар озмуни беҳтарин суруди сарбоз ва ҳунарнамоии дастаҳои ҳаваскорони санъат баргузор гардиданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ташвиқу тарғиби дастовардҳои артиши миллӣ мебошад. Баъди ҷамъбасти озмун, қисмҳои низомии беҳтарин бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.              Ҳамчунин қайд гардид, ки мувофиқи нақша ва дар асоси амри вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев дар қисмҳои ҳарбӣ вохӯрии падару модарон, толибилмон ва донишҷӯён бо сарбозон гузаронида шуданд. Ҳадафи ин мулоқотҳо баланд бардоштани обрӯю нуфузи қувваҳои мусаллаҳ дар байни аҳолӣ аст.                Ба замми ин бояд қайд намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани санаи муҳими таърихӣ, яъне таҷлили 16-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳ, ҳамзамон байни қисмҳои низомӣ мусобиқаи беҳтарин шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ, интизоми намунавӣ, баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ ва доштани маҳорати низомӣ низ гузаронида шуданд.                Роҳбарияти вазорати мудофиа қарор додааст, ки ба муносибати 16-солагии таъсиси кувваҳои мусаллаҳ дар Кохи Борбад консерти идона намоиш дода шавад.               Ҳамчунин бахшида ба ид дар Боғи ғалаба ва қабристони сарбозони номаълум маросими гулгузорӣ баргузор мегардад.

Февраль 21, 2009 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд