ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ БО МАВОДИ ҒИЗОӢ

Февраль 20, 2009 14:15

               Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 23 феврали соли ҷорӣ ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сили Вазорати тандурустӣ аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии америкоӣ Resouce & Police Exchange. Inc. бо дастгирии Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ёрии башардўстона, иборат аз маводи ғизоӣ расонида мешавад. Дар маъракаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) иштирок хоҳанд кард.               Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорчўбаи барномаи Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон 80 тонна маводи хўрокворӣ (наск, биринҷ, сабзавот) ба маблағи умумии 86 638 доллари ИМА ба ташкилоти хайриявии Авесто (Тоҷикистон) дастрас карда шуд. Ёрии башардўстона барои беморхонаҳои бемориҳои руҳӣ, сил, бемориҳои кўдакона, хонаи ятимон ва дигар муассисаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.               Маводи хўрока маҳсулоти муассисаи америкоии Breedlove Dehydrated Foods буда, таркиби он бо витаминҳо ва намакҳои минералӣ ғанӣ карда шудааст.              Бояд қайд намуд, ки дар соли 2007 маводи хўрока ба 64 муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва дар соли 2009 бошад, ба 75 муассиса дастрас карда мешавад.  

Февраль 20, 2009 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад