ТАРКИШҲО ДАР КОБУЛ

Февраль 11, 2009 16:26

                 Кобул, 11 феврал. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Дар қисмати шимолии пойтахти Афғонистон якбора ду амалиёти террористӣ анҷом дода шуд. Ин амалиётро террористони фидоӣ анҷом доданд. Масъулияти онҳоро силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» ба зимма гирифтанд. Аз рӯи хабарҳои расида, дар натиҷаи амалиёт 8 нафар ҳалок шудааст, шумораи маҷрӯҳшудагон то ҳол маълум нест. Мухбири радиои Афғонистон хабар дод, ки ҷасади 4 шахси ҳалокшударо дар маҳалли таркиш бо чашми худ дидааст. Ба қавли шоҳидон, ҳадафи амалиёт хароб сохтани бинои маъмурияти яке аз ҳабсхонаҳо буд. Яке аз террористон қабл аз таркиш ба сӯи дастаи посбонони ҳабсхона оташ кушодааст. Баъди ин дар назди даромадгоҳи ҳабсхона таркиш ба амал омад. Дар натиҷа якчанд иморат валангор шуд.                Кормандони политсия террористи дигари фидоиро дар назди бинои вазорати маориф парронданд. Қувваҳои амниятӣ бинои вазорати адлияро низ иҳота намуданд. Гумон меравад, ки боз як террорист дар дохили бино пинҳон шудааст.                 Намояндаи ҷунбиши «Толибон» ба хабарнигорон ба воситаи телефон изҳор намуд, ки таркишҳо дар пойтахти Афғонистон давом дода мешаванд.                                                                                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 11, 2009 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад