«ТОҶИКСТАНДАРТ» 2009: — «СОЛИ БА ТАРТИБ ДАРОВАРДАНИ БОЗОРҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ»

Февраль 20, 2009 10:58

                  Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009-ро «Соли ба тартиб даровардани бозорҳои истеъмолӣ» эълон кардааст.                   Бо ин мақсад, аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» вазъи бозорҳои ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вобастабуда омӯхта шуда, дар якҷоягӣ бо роҳбарону мутахассисони «Тоҷикматлубот», «Тоҷикстандарт» ва роҳбарони бозорҳо маҷлиси кории муштарак баргузор гардид.                  Дар ҷараёни маҷлис директори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов тазаккур дод, ки имрӯз авзои бозори истеъмолии мамлакат аз нигоҳи сифат ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Дар ҷумҳурӣ Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назоратчӣ кафили нигаҳдории сифати маҳсулот дар дохили кишвар вазифадор аст. Аз тарафи ин мақомот ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ ҳамасола корҳои муаяне анҷом дода мешавад. Танҳо дар соли 2008 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳо 20 озмоишгоҳи ташхисӣ муҷаҳҳаз карда шуд, ки ин ҳоло ҳам нокофист. Зеро, дар ҷумҳурӣ самти тиҷорат рӯз то рӯз рушд ёфта истодааст.                   «Бояд дар бозорҳои ҷумҳурӣ тартиботи лозима ҷорӣ карда шавад. Албатта яку якбора дар 320 бозоре, ки мавҷуд аст, сохтмони озмоишгоҳҳо кори саҳл нест. Вале, ба қадри имкон бояд кӯшид, ки тавассути ба вуҷуд овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳимояи бозори истеъмолиро низ ба назар гирифт», — гуфт Д. Ҳотамов.                    Бояд гуфт, ки Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифт, ки соли ҷорӣ дар шаш бозори ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои ташхисӣ таъсис дода, ба ихтиёри Иттифоқи «Тоҷикматлубот» гузорад.  

Февраль 20, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад