ТУХМИИ ПАСТСИФАТ АСОСИ КАМҲОСИЛИСТ

Февраль 21, 2009 10:36

                 Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори шӯъбаи муҳофизати растанӣ ва кишткунонии Вазорати кишоварзӣ М.Воҳидов, дар ҷумҳурӣ барои кишти баҳорӣ 37 ҳазору 500 тонна тухмии ғалладона захира карда шудааст.                 Тибқи маълумоти бозрасии давлатии тухмӣ, айни ҳол 12 ҳазор тонна тухмӣ аз санҷиши лабораторӣ гузаронида шудааст. Санчиши лабараторӣ ба 9855 тонна баҳои сифат дода, ба 2147 тонна чун тухмии пастсифат баҳогузорӣ кардааст.                 Мавриди зикр аст, ки аз тухмии пастсифат танҳо ҳосили сифатан паст гирифтан мумкин. Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзиро зарур аст, ки хоҷагиҳои тухмипарварро зери назорати қатъӣ нигоҳ дорад ва барои баланд бардоштани сифати тухмӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Февраль 21, 2009 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд