УБАЙДУЛЛОЕВРО МИРКОЗИМӢ БА ЭРОН ДАЪВАТ КАРД

Февраль 5, 2009 09:57

               Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тоҷикистону Эрон, ки кишварҳои дӯсту ҳамзабонанд имкон доранд дар марҳилаи кунунии муносибатҳо аз иқтидори мавҷуда истифода намуда, дар низоми пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ барномаҳои муштараки иқтисодиро амалӣ намоянд». Чунин гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуди Миркозимӣ, ки дар Душанбе қарор дорад.                Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон афзуд, ки ташрифи Шумо баҳри тақвияту тавсеаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Сарони ҳар ду кишварҳо дар мавриди густариши робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ нақши муҳим гузошта, дар таърихи муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Эрон саҳифаи навро боз хоҳад кард.               Дар ин ҷода парламенти ҳар ду кишвар тамоми тадбирҳоро пиёда месозанд, ки заминаҳо ва фазои ҳуқуқӣ ҷавобгӯи ҳамкории воқеан ҳасана ва қонунҳои давлатҳо дар ҳифзу амнияти сармоягузорӣ нақши муассир дошта бошанд, афзуд М. Убайдуллоев.              Вазири бозаргонии Эрон Сайидмасъуди Миркозимӣ гуфт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ҷалбу сафарбарии сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ҳамеша омодааст, то дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, коркарди маъдан, истихроҷи нафту газ, ташаккули имкониятҳои технологияи муосир, рушди туризм ва коммуникатсия саҳмгузор бошад.               Зимнан таъкид дошт, ки Тоҷикистон метавонад дар мавриди ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ таҷрибаи Эронро мавриди омӯзиш ва истифода қарор бидиҳад. Миркозимӣ гуфт, ки дар ин бахш бояд потенсиали парламентҳо истифода шуда нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон тақвият дода шавад.  Мавсуф аз номи Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон М.Убайдуллоевро таклиф намуд, ки ҷиҳати тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари расмӣ анҷом бидиҳад.   

Февраль 5, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид