ВАКИЛОН БА МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ ОМОДАГӢ МЕБИНАНД

Февраль 16, 2009 15:55

                Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.                Тавре аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Шӯро як қатор масъалаҳо, ки ба рушди иқтисодии кишвар,таъмини манфиату баробарҳуқуқии шаҳрвандон муосидат менамоянд, баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз» дар қироати дуюм, «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он», «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи захираи давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, аъзои Шӯро Созишнома оид ба имтиёз ва масуниятҳои Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва масъалаи баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008- ро муҳокима карданд.

Февраль 16, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд