ВАЗИР АЗ МУТАХАССИСОН ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ ДОРАД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷамъомади корие, ки Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои ҷумҳуриявии воҳиди давлатии мубориза бар зидди малах ва «Ҳифзи растаниҳо» доир намуд, аз фаъолияти онҳо изҳори нигаронӣ намуд. Дар рафти иҷрои корҳое,ки соли 2008 оид ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили малах анҷом дода шудааст, баробари муваффракиятҳои бадаст омада, як қатор камбудиҳои дигаре ҳам буд, ки онҳоро нодида гирифтанд. Ин пеш аз ҳама истифодаи ғайриқаноатбахши техникаи махсусгардонидашуда, заҳрхимикатҳо ва муайян карда натавонистани манбаи тухмгузории малах ва дигар ҳашароти зараррасон дар як қисм заминҳои кишт мебошад. Вазир барои дар мӯҳлати ду ҳафта тайёр намудани ду барнома; «Барномаи мубориза бар зидди малах» ва «Барномаи ҳифзи растаниҳо»-и асосҳои илмидошта, барои соли 2009 супориш дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






