ВАЗЪИЯТИ РОҲҲОИ МОШИНГАРДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МӮЪТАДИЛ АСТ

Февраль 4, 2009 11:05

                   Қӯрғонтеппа, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Шаби 3 феврал дар тамоми ҳудуди вилояти Хатлон барфи зиёд борид. Бинобар ин коргарону мутахассисони идораи бозрасии давлатии автомобил, муассисаҳои ҳифзу муроқибати роҳҳо ва мақомоти вазъияти фавқулоддаи вилоят барои пешгирии ҳар гуна фалокати имконпазир ба ҳолати омодабош оварда шуданд.                    Муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят Миралӣ Ҳалимов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда бар асари бориши барфи зиёд дар роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят ягон ҳодисаи нохуш рух надод. Айни ҳол рафту омади тамоми воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва ағбаҳо мӯътадил давом дорад, гуфт М.Ҳалимов.

Февраль 4, 2009 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд