ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БО ВАО ҲАМКОРӢ МЕХОҲАД

Февраль 27, 2009 10:54

                     Душанбе,27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва баланд бардоштани нақши васоити ахбори омма дар пешбурди сиёсати аграрии ҷумҳурӣ фармонеро ба тасвиб расонд.                     Тибқи фармони мазкур, фаъолияти васоити ахбори омма, ки ба беҳбуди соҳаи кишоварзӣ равона карда шуда, ба вазорат ҳамкории пайваста судмандро пеша кардан мехоҳанд, аз тарафи вазорат дастгирӣ меёбанд.                     Тибқи фармони мазкур, тамоми хадамотҳо,муассисаю корхонаҳо, раёсату ташкилотҳои зертобеъ вазифадор карда шуданд, ки маводҳои танқидию таҳлилии ВАО дар мӯҳлати муайяншуда баррасӣ ва аз натиҷаи он ба вазир иттилоъ пешниҳод намоянд.  

Февраль 27, 2009 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад