ЯРАМАРКАИ ҶОЙИ КОРУ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

Февраль 28, 2009 11:15

               Душанбе, 28 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дирӯз бо ташаббуси раёсати ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шоҳмансур дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ярмаркаи ҷойҳои кору вазифаҳои холӣ баргузор гардид. Дар он аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он қариб 5 ҳазор нафар ширкат варзид. Ба бекорон дар ин ҷо 4583 ҷойи кору вазифаҳои холӣ пешниҳод карда шуд. Корҷӯён асосан ба муассисаҳои роҳсозӣ, ҳифзу муроқибати роҳҳо, муассисаҳои тиббӣ ва корхонаю муассисаҳои дигар даъват карда шуданд.               Сардори шӯъбаи омӯзиши талаботи бозори меҳнати агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ Неъматулло Асоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба туфайли ярмарка 244 нафар шахси бекор соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид, 20 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ фиристода шуданд. Теъдоди зиёди корҷӯён ба иҷрои корҳои пулакии ободонии пойтахт сафарбар гардиданд.                Ярмаркаи навбатии ҷойи кору вазифаҳои холӣ рӯзи ҷумъаи оянда дар бинои Филармонияи давлатии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.                                                                                                                                                     Тарҷумон — Қудратов А  

Февраль 28, 2009 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад