ЗИЁДШАВИИ МАБЛАҒ БА КАДОМ ХОТИР?
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2009 аз буҷаи ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ 396 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 52,7 фоиз зиёд аст. Дар баробари маблағгузории давлатӣ барои пешрафти соҳа, аз ҷумла барои беҳбуди шароити беморхонаю дармонгоҳҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, гузаштан ба усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ, маблағҳои қарзӣ ва грантҳо низ истифода мешаванд. Ҳоло дар доираи татбиқи 30 лоиҳаи инвеститсионӣ, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 400 миллион сомонӣ мебошад, шароити муассисаҳои тиббӣ ба эътидол оварда мешавад. Ҳама ин чорабиниҳои беҳдошти соҳа, тарзи хизматрасонии тиббиро барои мардум ба ҷойи беҳ шудан ба ҳолати ногуворе овардааст, ки заҳматкашони оддӣ бо сабаби қимматии нархи хизматрасонии тиббӣ муроҷиат ба соҳирону ҷодугарон ва фолбинонро авлотар мешуморанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






